Winning entries could not be determined in this language pair.There was 1 entry submitted in this pair during the submission phase. Not enough entries were submitted for this pair to advance to the finals round, and it was therefore not possible to determine a winner.Competition in this pair is now closed. |
Офтоб дар қиём буд. Давраи аз чанг зангзада дар миёни осмони сафедтоби нопок овезон буд, сояи бадзот печутоб мехӯрд ва дар таги пояфзолҳо фах мешуд, яке хокистаррангу оббурда, яке гумони зиндашуда, шаклаш сиёҳ шуда якбора дурушт мешуд ва аз ин сабаб боз ҳам пажмурда мешуд. Роҳ набуд, ғайр аз он дар гирду атроф лойи қоқи рангаш зардчатоб, кафида, мурда, ва гумони санг сахт буд, лой чунон бегиёҳ буд, ки асоси мавҷуди ин қадар чанг номаълум аст. Шукри Худо, ки шамол ба сӯйи ман медамид. Дур аз ман он халта-халта барфи ҳаром чамъ карда бо матонати кунди худ онро қад-қади дӯнгии бо офтоб сӯзонида ва дар байни ғарқоб ва девори Зар боркашӣ мекард, яке бо забонаи офтоб чарх зада то осмон парвоз мекард, яке ба гарданҳои таннози қуи гирдбод гирд мегардонд, яке тӯбча карда меғелонид, яке ногаҳона бадқаҳр шуда ин орди симхордорро ба миёнҳо ва муйисарҳо мепартофт, бадхашм шуда ба пушти сари арақ карда қамчинкорӣ мекард, дастҳо, гӯшҳоро мезад, кистаҳоро ва пушти гарданро пур мекард. Чандин вақтҳо гузашт, вале инҷо ҳеҷ чиз набуд. Шояд дар инҷо ҳеҷ вақт чизе набуд. Офтоб, лой, шамол. Гоҳе усухонбандии хори масхарабоз парвоз карда чарх задаи бо решааш канда Худо медонад аз куҷо босуръат мегузашт. Як қатра об ҳам нест, аломати зист ҳам нест. Танҳо чангу чангу чанг. Гуҳо лойи зери пой кучое гум мешуд ва хокаи сангин мерехт. Ҳамаҷо мисли дар дӯзах таспонида буд. Гоҳе аз дасти рост, гоҳе аз дасти чап аз пушти мавҷҳои чангин шухҳои мӯйсафед мисли дар болояшон орд овехта, сар мекашиданд. Шамолу гармӣ ба онҳо шаклҳои аҷибу тасодуфан медоданд, оташи тарс аз бадан мегузашт аз фикри он, ки онҳо ингуна пайдо мешаванд, яке гум мешаванд гумони шабаҳҳо, руст-рустакони сангин бозӣ мекардагӣ барин. Сангрезаи таги пой бузургтар мешуд, ногоҳ резучош халос мешуду боз лой ҷарангос мезад. | Entry #22129 — Discuss 0 — Variant: Not specified
|